Рӯзи 1-уми октябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар бораи 300 млн доллар маблағгузорӣ ба НБО “Роғун”-ро тасвиб кард. Лоиҳа “Маблағгузории устувори НБО “Роғун” — марҳилаи I” ном дошта, аз сӯи чанд сохтори Бонки ҷаҳонӣ (МАР, IDA, АБР) ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки бебозгашт (грант) дода мешавад.
Қарор дар бораи ҷудо кардани ин пулро Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 30-юми июни соли 2026 маъқул донист.
Дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар медиҳад, ки ин пул барои идомаи корҳои сохтмон, харидорӣ ва насби таҷҳизоти механикии барқӣ, ҳамчунин барои дастгирии техникӣ ва идоракунии лоиҳа равона карда мешаванд. Маблағгузорӣ, ҳамчунин, назорати сифат ва бехатарӣ, чорабиниҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, кӯчонидани оилаҳои аз сохтмон осебдида ва барқарор кардани манбаъҳои даромади онҳоро фаро мегирад.

Ғайр аз ин, дар лоиҳа тақвияти мониторинг ва пешгӯии обу щавошиносӣ пешбинӣ шудааст, ки бояд идоракунии обанбори “Роғун”-ро беҳтар карда, хатари обхезиро барои ҳудудҳои дар поёноби дарё ҷойгиршуда коҳиш диҳад.
Ҳаҷми умумии грантҳои Бонки ҷаҳонӣ — 650 млн доллар
Ин марҳилаи дуюми барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” мебошад. Дар марҳилаи аввал, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба Тоҷикистон 350 млн доллар ҳамчун кумаки бебозгашт ҷудо карда буд.
Лоиҳа бо иштироки гурӯҳи шарикони байналмилалӣ амалӣ мешавад, ки онро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ҳамоҳанг мекунад. Ба ин гурӯҳ, Бонки осиёии рушд, Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд, Хазинаи рушди Саудӣ, Хазинаи Кувайт, Хазинаи ОПЕК, Хазинаи рушди Қатар, Хазинаи Абу-Забӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ шомиланд.

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани НБО “Роғун”, нерӯгоҳ метавонад солона тақрибан 14,4 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол кунад. Ин тақрибан 60%-и ҳаҷми кунунии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Лоиҳа ҳамчунин, бояд имкониятҳои содироти нерӯи барқро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон ва Ӯзбекистон, тавсеа диҳад.
Шарикони байнулмилалӣ чӣ қадар маблағ медиҳанд?
Ба ғайр аз Бонки ҷаҳонӣ, барои маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва хазинаҳои рушд низ ҷалб шудаанд. Моҳи сентябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки гуфтушунид бо як қатор шарикон ҷиҳати ҷалби маблағ барои лоиҳа идома дорад.
Аз ҷумла, Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ (БОСИ) моҳи декабри соли 2024 бо Тоҷикистон барои татбиқи марҳилаи аввали барномаи рушди НБО “Роғун” 270 млн доллар созишнома имзо кард. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҷониби бонк то 500 млн доллар пешбинӣ шудааст.

Бонки исломии рушд барои сохтмони ин нерӯгоҳ, 150 млн долларро тасдиқ кард. Қарор дар бораи ҷудо намудани маблағ аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк моҳи апрели соли 2024 қабул шуд.
Хазинаи рушди Саудӣ барои анҷоми сохтмони неругоҳ 100 млн доллар пешниҳод мекунад. Қарз бо меъёри имтиёзноки 1,5% солона ба муҳлати 30 сол бо давраи имтиёзноки ҳаштсола дода шудааст.
Хазинаи ОПЕК дар бораи рушди байналмилалӣ, барои НБО “Роғун” 100 млн доллар маблағ пешбинӣ кардааст. Қисмати аввал ба маблағи 25 млн доллар моҳи октябри соли 2024 ба расмият дароварда шуд.

Ғайр аз ин, дар маблағгузории лоиҳа Хазинаи рушди Кувайт, Хазинаи Абу-Забӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва ниҳодҳои молиявии Италия иштирок мекунанд.
Барои анҷоми сохтмони Роғун чӣ қадар маблағ лозим аст?
Соли 2026 барои сохтмони НБО “Роғун” 11,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоте, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи август ироа кард, дар ҳафт моҳи аввали сол аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ аллакай 8,4 млрд сомонӣ равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2025 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои сохтмони неругоҳ 8,1 млрд сомонӣ ҷудо шуда буд.

Аз соли 2008 ҳаҷми умумии маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо ба корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар ин нерӯгоҳ равона шудаанд, ба 60,3 млрд сомонӣ расидааст. Дар баробари ин, барои пурра анҷом додани сохтмони нерӯгоҳ боз маблағ зарур аст.












