Шавкати Аштӣ: “Дар Амрико бо филмҳои тасвирӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд”

Тоҷикони Амрико чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

Шавкати Аштӣ (Шавкат Тошматов), сароянда, ровии радио ва гардонандаи маҳфилҳои тоҷик, ки қариб 16 сол боз дар Амрико зиндагӣ мекунад, пас аз тақрибан 5 сол ба Душанбе омад. Мавсуф зодаи ноҳияи Ашт аст, солҳо дар Душанбе зиста, пасон дар Ӯзбекистон, Олмон, кишварҳои араб ва Туркия муҳоҷир будааст ва имрӯз дар Амрико бо 12 забон суруд мехонад ва бо 4 забон барандагӣ мекунад.

Шавкати Аштӣ меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва перомуни Душанбеи имрӯза, кӯдакӣ ва роҳи сарояндагӣ, ҳунарнамоӣ бо забонҳои гуногун, радиои русзабони Ню-Йорк, тоҷикони Амрико ва шоу-бизнеси тоҷик суҳбат кард. Ӯ, ки дар коргоҳи радиои мо буд, дар аввал пурсидем, ки он сӯи баландгӯ нишастан чӣ ҳис доштааст?

– Ҳамеша чун хабарнигор, чун ровӣ суҳбат мекардам, акнун – меҳмон. Суханҳое дорам, ки мехоҳам ба мардуми худ, ба тоҷикистониён бирасонам. Дарди дил намегӯям, вале суханҳо хеле зиёд дорам.

– Охирин бор кай омада будед ва Душанберо шинохтед?

– Тақрибан 5 сол пеш. Не, ҳеҷ нашинохтам, гӯё ин шаҳри ҷавонии ман нест. Мисле ба кишвари дигар омадаам. Аз Аврупо фарқе надорад. Пешравӣ дар ҳама ҷои дунё хуб аст, вале вақте Ватани худро мебинӣ, ки ҳар рӯз беҳтар мешавад, шодии дигар дорад.

“Падарам намехост, ки сароянда шавам”

– Аз худатон нақл кунед: куҷо таваллуд шудед ва аз кай ба суруду мусиқӣ дил бастед?

– Ман зодаи Ашт ҳастам ва барои ҳамин исми саҳнавиамро Шавкати Аштӣ гузоштам. Замоне дар Душанбе ва Тошканд зиндагӣ кардам, камтар дар Олмон ва кишварҳои араб. 16 сол боз дар Амрико ҳастам. Сарояндагиам аз бачагӣ оғоз шудааст: падарам мегуфтанд, ки чорсола будам, ҳамкорони ӯ меомаданд, рӯйи миз мемондандам, суруд мехондам.

– Вале падаратон намехост, ки сароянда шавед?

– Намехост. Мардуми деҳот мегуфтанд: “Ин касбе нест, ки оилаатро таъмин кунӣ”. Падар мехостанд духтур шавам. Ман аз хун метарсидам, вале ба падарам гуфта наметавонистам. Рӯзе амакам тӯй доштанд, падарам ҳам он ҷо нишаста буданд, дар базми арӯсӣ суруд хондам. Баъд амакам ба падарам гуфтаанд: “Дидӣ, ин бача чӣ гуна мехонад? Тибқи таълими Ислом падару модар дар интихоби касбу ҳамсар набояд зидди фарзанд бароянд”. Падарам гуфтанд: “Э, чӣ коре мекунад – кунад”. Ҳамин гуна розигии падарамро гирифтам.

– Модаратон чӣ? Ва амакатонро аввалин продюсери Шумо гуфтан мумкин аст?

– Модарам фариштаи ман буданд, ҳамеша кумак мекарданд, аз ҷумла барои рафтан ба мактаби мусиқӣ. Вақте аз ман дар ин бора мепурсанд, гиряам меояд. Амакамро бечунучаро аввалин продюсерам гуфтан мумкин.

“Бо 12 забон суруд мехонам”

– Дар Амрико бархе ҳамватанон ба корҳои дигар, аз қабили кирокашиву боркашӣ, рӯ овардаанд, шумо бошед – ба суруд. Чаро?

– Амрико кишвари бисёрфарҳангист. Агар танҳо ба тоҷикӣ суруд хонед, хеле мушкил аст, ки шуморо бишиносанд ва ба консерту арӯсӣ даъват кунанд. Барои ҳамин бо 12 забон суруд мехонам ва бо 5 забон барандагӣ мекунам. Онҳое, ки ин имкониятро надоранд, маҷбур мешаванд дар ҷойҳои дигар кор кунанд.

– Забонҳоро аз куҷо омӯхтед?

– Тоҷикӣ забони модариам, русиро дар Тоҷикистон омӯхтам. Англисиро дар кишварҳои араб, туркиро дар Туркия, ӯзбекиро дар Тошканд ёд гирифтам, ки ҳамсарам аз он ҷост. Ҳамин хел 5 забон шуд.

Дӯстони амрикоӣ зиёд дорам. Мегӯянд: “Имрӯз туро дар консерт ва тӯйи амрикоиҳо мебинем, фардо бо испаниҳо, баъд бо ӯзбекҳо, бо тоҷикҳо. Ту кистӣ?” Бархе медонанд, вале касоне ҳастанд, ки намедонанд Тоҷикистон куҷост ва тоҷик кист. Ман мефаҳмонам, ки аз Тоҷикистонам ва дар бораи миллатам маълумот медиҳам. Онҳо шигифтзада мешаванд.

Қисса ба радио кор рафтан

– Шумо дар радиои русзабони Ню-Йорк низ кор кардаед. Чӣ тавр омадед?

– Радиои “Русская реклама”. Дӯстон маро шинохтанд, мусоҳиба доштем ва гуфтанд: “Ту аз пагоҳ кор биё”. Гуфтам, ки омода нестам. Барномаам “Восточный экспресс” буд: ҳунармандон, вакилони дифоъ ва дигар фаъолони ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддин, Нигина Амонқулова ва дигаронро ба суҳбат даъват мекардам. Бештар дар бораи таърих ва фарҳанги давлатҳои шарқӣ аст ва Тоҷикистон – мавзӯи дӯстдоштаи ман.

– Рӯйдодҳои охир ба рейтинги чунин радиоҳо таъсир нарасонданд?

– Албатта таъсир расонд. Муносибати Русияву Амрикоро худатон медонед. Вале дар Ню-Йорк миллатҳои зиёде, аз тоҷику ӯзбеку қазоқу қирғиз то молдован, русиро мефаҳманд. Онҳое, ки русиро медонанд ва ба Амрико меоянд, аксаран англисиро намедонанд. Аз радиои мо иттилооти лозмаи дар Амрико бадархӯрро дармеёбанд.

Шиносоиву рафоқат бо Кароматулло Қурбонов

– Бо Кароматулло Қурбонов чӣ гуна шинос шудед?

– Дар тӯй шинос ва баъдан бо ҳам бародар шудем. Замоне ки дар Тошканд зиндагӣ мекардам, бо сафари корӣ ба Душанбе омадам ва гуфтам: “Кароматулло, мехоҳам туро бибинам”. Бовар кунед, Кароматулло, Худо раҳматаш кунад, дар авҷи шӯҳрат буд, вале давон-давон ба автовокзал омад, то маро пешвоз гирад. Хеле хоксор буд. Ба хонаашон мерафтам. Фарзандонаш он вақт хурдсол буданд. Ҳоло бо Муҳаммадрофӣ иртибот дорем, бо Нозия не.

– Аз рӯзҳои дар Душанбе сипаришуда ҳоло чӣ ба ёд меояд?

– Рӯзҳои хуб бисёр буданд: ҳамроҳи сарояндагони шиносам ба консертҳову тӯю маъракаҳо мерафтем. Қиссаҳои ҷолибу аҷоиб дар ёдам ҳастанд. Албатта, рӯзҳои сахт ҳам буданд — он замон дар Тоҷикистон давраҳои душвор гузаштанд. Вале, чуноне ки пештар гуфтам, аз дидани Душанбеи имрӯза хеле хушҳолу хушбахт шудам. Дишаб ба консерти Оркестри давлатии ҷумҳурӣ рафтем, он ҷо сарояндагони нав ҳунарнамоӣ мекарданд. Пештар ҳама чиз тамоман дигар буд: дар телевизион, радио ва ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр. Ҳоло ҳама чиз ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Тоҷикон дар Амрико чӣ кор мекунанд?

– Чӣ чиз шуморо солҳо дар Амрико нигоҳ дошт?

– Ман миллати худро хеле дӯст медорам, вале барои беҳтар кардани шароити зиндагии худ ва фарзандонам ба он ҷо рафтам — ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати таҳсил. Зеро дар Амрико донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон, аз қабили Ҳарвард, фаъолият доранд. Шукри Худо, ба орзуям расидам. Ба фикрам, бисёре аз тоҷикистониён маҳз ба ҳамин сабаб ба он ҷо мераванд. Ва хеле хурсандам, ки бисёре аз тоҷикони дар он ҷо таҳсилкарда дубора ба Тоҷикистон бармегарданд.

– Дар мусоҳибае хондам, ки чанд сол пеш Шумо аз озмоиши генетикӣ (ДНК) гузаштаед. Чаро чунин кардед ё чӣ зарурат шуд, ки озмоиш супоред?

– Ман ҳамеша мехостам аслу насаби худро бидонам. Барои чӣ? Чунки волидайнам ҳамеша мегуфтанд, ки мо ҳам эронитабор ҳастем ва ҳам тоҷик. Аъзои оилаамон низ ҳамеша мехостанд бидонанд, ки аҷдоди мо аслан аз куҷо омадаанд. Ин озмоиш нишон медиҳад, ки ниёгони шумо аз кадом минтақаҳо гузашта, чӣ тавр ба Осиёи Марказӣ омада расидаанд. Вақте озмоишро супоридаму ҷавобашро гирифтам, хеле хушҳол шудам.

– Натиҷаи озмоиш чӣ гуна баромад?

– 84 дарсади он форсу тоҷик баромад: 41 дарсад Эрон ва 43 дарсад Тоҷикистон. Боқиашро намегӯям. Як ҳолати ҷолиб ҳам рӯх дод: натиҷаро ба дӯсти амрикоиам нишон додам. Натиҷаи таҳлили генетикии ӯ аз қавмҳои бисёр иборат буд – ирландиҳо, англисҳо ва аз дигар ҷойҳо, тақрибан 15–20 қавму миллат. Ман пурсидам: “Чаро дар таркиби генетикии ман қавмҳо ин қадар каманд – ҳамагӣ се-чор адад?”. Ӯ хандида гуфт: “Ту бояд аз ин хурсанд шавӣ!”. Пурсидам: “Чаро?”. Гуфт: “Ин нишон медиҳад, ки ниёгони ту ба якдигар хеле вафодор будаанд”. Ин сухани ӯ ба ман хеле хуш омад.

Тоҷикон дар Амрикото куҷо мувофиқу муваффақанд?

– Дар маҳфилу ҷамъомадҳои тоҷикони Амрико иштирок мекунед: мардуми мо ба ҷомеаи нав то чӣ андоза мутобиқ шудаанд?

– Амрико кишварест, ки аз Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад — ҳам аз нигоҳи қонуну қоидаҳо ва ҳам тарзи зиндагӣ. Бо вуҷуди ин, тоҷикистониён рӯз ба рӯз ба шароити Амрико беҳтар мутобиқ мешаванд. Чаро? Онҳое, ки 15–20 сол пеш омада буданд, бисёр чизҳоро намедонистанд ва роҳро ҳамвор карданд. Аммо тоҷиконе, ки ҳамон ҷо ба дунё омадаанд ё ба воя расидаанд, ба қавли маъруф, “амрикоӣ” шудаанд.

Вақте ман 16 сол пеш ба Амрико омадам, ҳангоми баргузории тӯй, Рӯзи Истиқлолият ё Наврӯз ҷамъ кардани тоҷикон хеле душвор буд, чунки шумораамон хеле кам буд. Дар ёдам ҳаст, дар штати Колорадо тӯй доштем ва ҳатто 50–60 нафарро ҷамъ карда наметавонистем. Ҳоло бошад, шумораи ҳамватанони мо хеле зиёд шудааст.

Шояд бовар накунед: ду-се ҳафта пеш аз омаданам ба ин ҷо духтареро дидам, ки дар муассисаи кайҳонии НАСА (NASA) кор мекунад ва тоҷик аст! Ҳайрон шуда пурсидам: “Ҳамин ҷо ба дунё омадаӣ?”. Гуфт: “Не, дар Душанбе таваллуд шудаам. Чорсола будам, ки ба Амрико омадем ва ҳамин ҷо таҳсил кардам”. Маълум шуд, ки мо чунин тоҷикони муваффақ хеле зиёд дорем.

– Оё онҳо бо ҳам муттаҳиду аҳлона зиндагӣ мекунанд?

– Хеле муттаҳиданд. Ҷашнҳои милливу таърихие, ки мегузаронем, аз қабили Наврӯз, Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи Куруши Кабир хеле зиёданд. Дар ду-се соли охир тоҷикон боз ҳам аҳлу муттаҳидтар шудаанд. Ҳатто ҳамватаноне дорем, ки барои кӯдакон мактабҳои хусусӣ кушодаанд ё тавассути филмҳои тасвирӣ ба насли нав забони тоҷикиро меомӯзонанд. Ба наздикӣ дар Лас-Вегас будам: як тоҷик бо номи “Тоҷикфликс” лоиҳае шабеҳи “Нетфликс” (Netflix) таъсис додааст.

– Гоҳе аз ҳамватанони муқими Амрико мешунавем, ки фарзандонашон афкору тафаккури аврупоиву амрикоӣ пайдо кардаанд. Оё ин ҳолат ба ҳувият, ғурури миллӣ ва забони онҳо таъсир намерасонад?

– Албатта, таъсир мерасонад ва, мутаассуфона, ин як ҳақиқат аст. Барои ҳамин вақте бо ҳамватанон ҷамъ мешавем, ҳамеша дар ин бора суҳбат мекунем: ҳама чиз аз оила оғоз меёбад. Ман дӯстони тоҷике ҳам дорам, ки дар хона бо забони англисӣ суҳбат мекунанд. Аммо ман дар ҳама ҷо таъкид мекунам, ки бо фарзандон бояд танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат кард. Зеро, чуноне ки мегӯянд: “Агар забон гум шавад, миллат ҳам гум мешавад”.

– Дар Амрико бештар кай пазмони Ватан мешудед?

– Вақте синни инсон ба 35–40 мерасад, ба кишвари дигар рафтану ҳама чизро аз сифр оғоз кардан хеле душвор аст. Ман ҳамеша пазмони Ватан мешудам, вале баъди ин син – бештар. Ба ҳамин хотир кӯшиш мекунам, ки ақаллан соле як бор ба Тоҷикистон биёям. Дар 4–5 соли охир ба хотири фарзандон ин кор муяссар нашуд, вагарна ҳар сол меомадам ва фарзандонамро низ ҳамеша ҳамроҳи худ меовардам.

– Фарзандонатон ҳоло ба чӣ корҳо машғуланд?

– Писари калониам дар шаҳри Маскав директори як ширкати суғуртавӣ аст. Писари дуюмам дар Калифорния зиндагӣ карда, дар ширкати “Гугл” (Google) фаъолият дорад. Писари сеюмам бошад, ба наздикӣ коллеҷро хатм кард. Хеле хушҳолам, ки орзуи аслии ман – дар беҳтарин ҷойҳо таҳсил кардану кор кардани фарзандонам ба ҳақиқат пайваст.

Дар бораи намоҳанги нав ва музди сарояндагӣ

– Яке аз сабабҳои омаданатон муаррифии намоҳанги наватон аст. Ин кадом суруд аст, матн аз кист ва чӣ паёме дорад?

– Намоҳанги “Рақс бикун”. Матн аз як рафиқи наздикам, мусиқӣ аз худам. Дар Лас-Вегас бо забони тоҷикӣ сабт кардам. Репертуарамро ҳамеша иваз мекунам: дар Тоҷикистон бештар тоҷикӣ, дар кишварҳои араб – арабӣ ва англисӣ мехонам.

– Дар Амрико ба либоспӯшии сарояндагон ҳам аҳамият медиҳанд?

– Не, ин гуна чиз нест, амрикоиҳо дӯст медоранд, ки садои сарояндаро бишнаванд, на либосашро.

– Шунавандае мепурсад: дар Душанбе музди як тӯй 18–35 ҳазор сомонӣ аст,дар Амрико чӣ қадар?

– Дар Душанбе хеле гаронтар будааст. Дар Амрико ҳунарманде, ки чандон машҳур нест, барои як арӯсӣ тақрибан 1000 доллар мегирад; се тӯй дар як ҳафта – 3000 доллар, дар як моҳ 9–10 ҳазор доллар. Бо гурӯҳ боз ҳам қиматтар: 3000–5000 доллар барои як тӯй.

– Шоу-бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунед?

– Албатта. Мушкилот дорад, мисли ҳама ҷои дунё, вале мардуми мо босаводанд ва худашон медонанд киро гӯш кунанд. Рапи тоҷикро дӯст медорам, боз Парвин Юсуфӣ, Нигина Амонқулова ва Сафармуҳаммадро ҳамеша гӯш мекунам.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Ахбори тоза

Сахарвоск А4
Охан саноат А4

Ахбори тоза

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Ғолибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар муайян шуданд.

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.