Дастаи Тоҷикистон Бозиҳои осиёӣ 2026-ро бо 16 нишон ва ҷойи 22-юм ба анҷом расонид

Бозиҳои бистуми тобистонаи Осиё - 2026 ба анҷом расид.

Алексей Корчагин, махсус барои «asia+»

Дастаи Тоҷикистон Бозиҳои Осиё – 2026-ро, ки аз 19-уми сентябр то 4-умим октбяр дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон баргузор шуд, бо дарёфти 16 нишон – 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ ва ҳамин тариқ, аз рӯи маҷмӯи медалҳо бо ҷои 22-юм ба анҷом расонид.

Ин бозҳои бистуми осиёӣ буда, дар он беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвар иштирок, барои 460 маҷмӯи медалҳо – 217 маҷмӯъ миёни мардон, 204 – миёни занон ва 39 – дар рақобатҳои омехта дар 43 намуди варзиш рақобат карданд.

Ба ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ, 99 варзишгар шомил шуданд, ки дар 21 намуди варзиш ҳунарнамоӣ карданд. Барои кишвари мо ин нуҳумин Бозиҳои тобистонаи Осиё ба шумор мерафт.

Аз нахустин ҳузури худ дар Хиросима – 1994 то бозиҳои соли 2023, Тоҷикистон 35 медал (дар баъзе манбаъҳо 34) — 6 тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ ба даст оварда буд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё -2026 дар 6 навъи варзиш нишон ба даст овард. Аз ҳама бештар ҷудо: 4 медал – як нуқра ва се биринҷӣ. Дар муҳорибаҳои омехта варзишгарони тоҷик 3 медал — 2 тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд. Паҳлавонон аз куштии навъи кураш низ 3 медал — 2 нуқра ва 1 биринҷӣ гирифтанд.

Аҳлия Муъминова

Варзишгарон дар куштии озод низ 3 медал — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Муштзанон 2 медали биринҷӣ гирифтанд, каратегарон бошанд, сощиби 1 медали биринҷӣ шуданд.

Аз ҷумла, Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов қаҳрамони Бозиҳо ва соҳиби медали тилло шуданд.

Отабек Раҷабов – қаҳрамони Бозиҳо

Ҳамчунин, Беҳрӯз Хуршедзода дар муҳорибаҳои омехта, Шакармамад Мирмамадов ва Ёсин Бобокалонов дар кураш, Абдулмаҷид Кудиев дар куштии озод ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар ҷудо медалҳои нуқра гирифтанд.

Беҳрӯз Хуршедзода

Ба ғайр аз ин, Махсатулло Муминов дар карате, Сарвар Абдушукуров дар кураш, Акмал Убайдов ва Парвиз Каримов, дар муштзанӣ, Аҳлия Муминова, Муҳиддин Асадуллоев ва Абӯбакр Шеров, аз ҷудо, Айяал Белолюбский ва Виктор Рассадин, дар куштӣ медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Парвиз Каримов

Дар бозиҳои имсола, аз рӯи ҳисоби медалҳо Чин бо дарёфти 341 медал — 169 тилло, 89 нуқра ва 83 биринҷӣ дар ҷои якум, Ҷопон бо  269 медал – 83 тилло, 95 нуқра ва 91 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Кореяи Ҷанубӣ бо 150 медал- 39 тилло, 43 нуқра ва 68 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.

Ёсин Бобокалонов ва Сарвар Абдушукуров

Дар зинаи чорум, Ҳиндустон қарор гирифт, ки 21 медали тилло, 27 нуқра ва 37 биринҷӣ (ҳамагӣ 85 медал) ба даст овард. Пас аз он, Ӯзбекистон қарор дорад. Ҳамсоякишвари мо Бозиҳоро дар ҷойи панҷум ба анҷом расонид: 21 тилло, 25 нуқра ва 24 биринҷӣ, ҳамагӣ 70 медал.

Айяал Белолюбский дорандаи медали биринҷии тими мунтахаби Тоҷикистон

Эрон бо 52 медал – 19 тилло, 18 нуқра ва 15 биринҷӣ дар ҷои шашум қарор гирифт. Таиланд бо 18 тилло, 13 нуқра ва 21 биринҷӣ дар ҷои ҳафтум истод. Қазоқистон бошад бо 84 медал – 12 тилло, 24 нуқра ва 48 биринҷӣ дар зинаи ҳаштум, Ҳонконг бо 11 медали тилло, 19 нуқра ва 24 биринҷӣ дар ҷои нуҳум ва Баҳрайн бо 11 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷои 10-ум қарор гирифт.

Акмал Убайдов – дорандаи медали биринҷӣ

Тоҷикистон баъд аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон кишвари сеюми Осиёи Марказӣ шуд, ки дар ин бозиҳо ҷойи 22-юмро касб кард. Қирғизистон Бозиҳоро дар ҷойи 26-ум ба анҷом расонд: 14 медал — 1 тилло, 3 нуқра ва 10 медали биринҷӣ. Туркманистон бо ду медали нуқра дар зинаи 31-ум қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Бозиҳо 187 медал ба даст оварданд: 36 тилло, 59 нуқра ва 92 биринҷӣ.

Шакармамад Мирмамадов – дорандаи медали нуқра

Аз ҳафт медал то шонздаҳ

То Бозиҳои-2026, натиҷаи беҳтари кишвар ҳафт медал дар як бози буд. Тоҷикистон чунин нишондаро ду бор — дар Ҷакарта-2018 ва Ханчжоу-2022, ки соли 2023 баргузор шуд, нишон дода буд. Дар Айти ва Нагоя ин меъёр то 16 медал боло рафт.

Виктор Рассадин

Бозиҳои Осиё-2026 ба анҷом расид. Парчами Шӯрои олимпии Осиё ба намояндагони Қатар супурда шуд ва машъали бозиҳо ба Давҳа гузашт, ки соли 2030 мизбони XXI Бозиҳои тобистонаи осиёӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, давраи нави омодагӣ ба бозиҳои навбатӣ оғоз шуд. Барои Давҳа бозиҳои дарпешистода дуюмин хоҳанд буд. Бори аввал пойтахти Қатар соли 2006 мизбони Бозиҳои осиёӣ шуда буд.

PS: Аксҳо аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳо

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Ғолибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар муайян шуданд.

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?