Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?

Пас аз тағйир ёфтани хатсайри парвоз тавассути Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, вақти парвоз байни Эрон ва Тоҷикистон беш аз як соат зиёд шуд, аммо нархи билетҳои Varesh Airlines бидуни тағйир — аз 250–260 доллар боқӣ мондааст. Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур шуд парвозҳо байни Машҳад ва Душанберо муваққатан қатъ кунад.

Чӣ рух дод?

Рӯзи 24-уми сентябр ҳавопаймои ширкати эронии Varesh Airlines, ки парвози Теҳрон–Душанберо анҷом медод, пас аз тақрибан як соати парвоз маҷбур шуд ба Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнӣ дар Теҳрон баргардад. Роҳбари намояндагии Varesh Airlines дар Душанбе Абдулризо Муҳаммадӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ширкат барои анҷоми парвоз иҷозатномаҳои заруриро дошт, аммо Туркманистон барои убур аз фазои худ иҷоза надод.

Баъдтар ин тайёра бо масири дигар – тавассути фазои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Душанбе расид.

Чӣ тағйир ёфт?

Пас аз тағйир ёфтани масир, давомнокии парвоз зиёд шуд. Агар қаблан парвоз тавассути қаламрави Туркманистон анҷом шуда, тақрибан 2 соату 15 дақиқа тӯл мекашид, масири нав тавассути Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон вақти сафарро тақрибан то 3 соату 20 дақиқа зиёд кард. Ҳамин тариқ, парвоз тақрибан 1 соату 5 дақиқа тӯлонитар шуд.

Барои мусофир тағйир ёфтани масири парвоз, пеш аз ҳама, маънои зиёд шудани вақти сафарро дорад.

Аммо барои ширкати ҳавопаймоӣ ин раванди мураккабтар аст. Масири тӯлонитар банақшагирии иловаӣ талаб ва вақти кори ҳайати парвозро зиёд мекунад, ки ин ба хароҷоти истифодабарӣ таъсир мерасонад.

Намояндаи Varesh Airlines хабар дод, ки арзиши заминавии билетҳо дар хатсайри Теҳрон–Душанбе ҳоло ҳам бетағйир боқӣ мондааст — он мисли пештара аз 250–260 доллар оғоз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат мақомоти Эрон ба ширкати ҳавопаймоӣ кумак хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Абдулризо Муҳаммадӣ, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро бо хатсайри Теҳрон–Душанбе–Теҳрон дар ҳаҷми пурра — ҳафтае се маротиба идома медиҳад.

Парвозҳо байни Машҳад ва Душанбе муваққатан қатъ шуданд

Вазъ дар самти дигари Varesh Airlines — Машҳад–Душанбе–Машҳад душвортар аст.

Ба гуфтаи намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ, ин масир пас аз тағйир ёфтани нақшаи парвозҳо муваққатан қатъ карда шуд.

Сабаб ба зиёд шудани давомнокии парвоз вобаста аст: пас аз манъи парвоз аз фазои Туркманистон вақти парвоз ба як самт аз чор соат бештар мешавад.

Дар чунин шароит ҳавопаймо ба сӯзишвории иловагӣ ниёз дорад, ки анҷом додани парвози мунтазамро мушкил месозад.

Парвози охирин дар ин самт 25-уми сентябр тавассути фазои ҳавоии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом дода шуд.

Абдулризо Муҳаммадӣ мутмаин аст, ки дар гирифтани иҷоза барои парвоз тавассути фазои ҳавоии Афғонистон ягон мушкилӣ ба миён нахоҳад омад, аммо дар мавриди мавҷудияти зерсохтори дахлдори ҳавонавардӣ мушкилот вуҷуд доранд.

Чаро туркманҳо иҷоза надоданд?

Аз ҷониби мақомоти Туркманистон дар бораи сабаби иҷоза надодан ба убури фазои ҳавоӣ шарҳи расмӣ дода нашуд.

Созмони ҳавонавардии мулкии Эрон хабар дод, ки Туркманистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ додани иҷозатномаҳои транзитиро рад кардааст. Дар Varesh Airlines ин вазъро ба маҳдудиятҳои нави марбут ба Эрон рабт доданд.

Барои анҷом додани парвози байнулмилалӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ на танҳо иҷозаи парвоз ва фуруд лозим аст. Ҳамчунин, бояд ҳуқуқи истифодаи фазои ҳавоии дигар давлатҳо гирифта шавад.

Кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, аз ҷумла Тоҷикистон, ба чунин қарорҳо махсусан ҳассосанд.

Акс аз торнамои Flightsim.to

Аксари хатсайрҳои байнулмилалии кишвар аз долонҳои ҳавоии давлатҳои ҳамсоя мегузаранд. Аз ин рӯ, тағйир ёфтани мавқеи як давлат метавонад ба фаъолияти тамоми хатсайр таъсир расонад.

Парвози муосири байнулмилалӣ занҷираи тавофуқҳо миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, давлатҳои транзитӣ, хадамоти навигатсионӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, бонкҳо ва таъминкунандагони хидматрасониҳо мебошад.

Маҳдудиятҳо нисбат ба ҳавонавардии Эрон

Вазъияти марбут ба Varesh Airlines дар пасманзари афзоиши фишори ИМА ба бахши ҳавонавардии Эрон ба вуҷуд омад.

Моҳи сентябри соли 2026 Идораи назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) алайҳи ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон ва созмонҳои марбут ба онҳо таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Varesh Airlines низ ба ин рӯйхат ворид шуд. ИМА ҳамчунин ширкатҳои хориҷиро аз хатарҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо ҳушдор дод.

Масъалаи асосӣ барои ширкатҳои хориҷӣ дар он аст, ки онҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии таҳти таҳрим маҳз кадом хидматрасониҳоро пешниҳод мекунан:

— хидматрасонии техникии ҳавопаймоҳо;

— таҳвили таҷҳизот ва қисмҳо;

— суғурта;

— амалиёти молиявӣ;

— сӯзишворӣ;

— хидматрасонии рӯйизаминӣ;

— хидматрасониҳои оҷонсӣ.

Маҳз аз ҳамин сабаб таҳримҳо метавонанд ба ҳавонавардӣ ба таври ғайримустақим — тавассути қарорҳои бонку фурудгоҳҳо, таъминкунандагон ва шарикони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъсир расонанд.

Акс аз торнамои rawpixel.com, Magnific

Парвози қатъшудаи “Сомон Эйр”

Қаблан иртиботи ҳавоӣ байни Душанбе ва Теҳронро ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии тоҷикии “Сомон Эйр” таъмин мекард.

Ширкати ҳавопаймоӣ ҳафтае ду парвоз анҷом медод, аммо баҳори соли 2026 дар пасманзари шиддат гирифтани вазъияти амниятӣ дар Ховари Миёна, ин парвозҳо қатъ шуданд.

Моҳи август Тоҷикистон ва Эрон имкони барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ байни ду пойтахтро баррасӣ карданд.

Роҳбари “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев бо роҳбари Созмони ҳавонавардии мулкии Эрон Абузар Ширудӣ мулоқот кард. Ҷонибҳо барқарор кардани парвозҳо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва бартараф кардани монеаҳо барои аз сар гирифтани хатсайрро баррасӣ карданд.

Тибқи созишномаи амалкунанда байни Тоҷикистон ва Эрон, миёни ду кишвар анҷом додани то 23 парвоз дар як ҳафта имконпазир аст.

Чаро пас аз барқарор шудани хатсайр парвозҳоро маҳз ширкати эронии Varesh Airlines анҷом медиҳад, на ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, расман хабар дода нашудааст.

Ба интихоби ширкати ҳавопаймоӣ якчанд омил метавонад таъсир расонад: мавҷудияти ҳавопаймоҳо, ҷараёни мусофирон, самаранокии иқтисодии хатсайр ва хавфҳои тиҷоратӣ.

Барои ширкати ҳавопаймоӣ ҳама гуна хатсайри байнулмилалӣ бояд на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ имконпазир, балки аз ҷиҳати молиявӣ низ асоснок бошад.

Акс аз Somon Air

Вобастагӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ

Соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, аммо қисми назарраси ҳамлу нақли байнулмилалӣ ҳамоно ба ширкатҳои хориҷӣ вобаста аст.

Ширкати асосии ҳавопаймоии миллӣ “Сомон Эйр” боқӣ мемонад. Ширкат солҳои охир аз тавсеаи шабакаи хатсайрҳо ва нақшаҳои ифтитоҳи самтҳои нав хабар медод.

Ба ҷуз аз он, дар кишвар ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” фаъолият дошта, ҳамчунин ширкати навтаъсиси “лоиҳаи нави “Шоҳин Эйр” вориди бозор мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон сиёсати “осмони боз”-ро амалӣ мекунанд, ки ба афзоиши шумораи хатсайрҳои байнулмилалӣ ва ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ равона шудааст.

Чунин сиёсат имкон медиҳад, ки интихоби мусофирон васеъ шавад, аммо ҳамзамон вобастагии бозорро аз омилҳои беруна зиёд мекунад.

Хавфҳои таҳрим барои Тоҷикистон

Пас аз вазъияти марбут ба Varesh Airlines суоле ба миён меояд: оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад ба далели таҳримҳои ИМА барои Тоҷикистон мушкил эҷод кунад?

Худи далели анҷом додани парвози мусофирбар ва фуруд омадани ҳавопаймои хориҷӣ дар фурудгоҳи байнулмилалӣ маънои ба таври худкор вайрон шудани низоми таҳримҳоро надорад.

ИМА одатан алайҳи ширкату созмонҳо ва шахсони мушаххас, инчунин алайҳи онҳое, ки ба онҳо хадамоти мамнӯъ ироа мекунанд, таҳрим ҷорӣ мекунад.

Ҳолатҳои ошкори ҷорӣ шудани таҳримҳои Амрико алайҳи давлате танҳо барои он ки ба парвози мусофирбари ширкати ҳавопаймоии эронӣ иҷоза додааст, вуҷуд надоранд.

Барои кишварҳои сеюм хавфи асосӣ ба амалиёти тиҷоратӣ марбут аст.

Масалан, агар як ширкат аз кишвари дигар ба ширкати ҳавопаймоии таҳти таҳрим хидматрасониҳое пешниҳод кунад, ки ИМА онҳоро дастгирии назаррас мешуморад, худи он низ метавонад бо маҳдудиятҳо дучор шавад.

Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонии asia+

Дар ҳамин ҳол, хидматрасонии маъмулӣ ба мусофирон, ба расмият даровардани парвоз ва истифодаи фурудгоҳ ба таври худкор вайрон кардани таҳримҳо шуморида намешавад.

Барои Тоҷикистон ҳамчунин он далел муҳим аст, ки кишвар дар муқоиса бо шарикони бузургтарини тиҷоратии худ, бо ИМА ҳаҷми маҳдуди робитаҳои иқтисодӣ дорад.

Аммо механизмҳои муосири таҳримӣ танҳо тавассути тиҷорати мустақим амал намекунанд. Онҳо метавонанд ба бонкҳо, ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, хидматрасониҳои суғуртавӣ ва ширкатҳое, ки бо таъминкунандагони ҷаҳонӣ кор мекунанд, таъсир расонанд.

Ҳодисаи марбут ба парвози Теҳрон – Душанбе намунае шуд, ки чӣ гуна сиёсати хориҷӣ ба ҳавонавардии мулкӣ таъсир мерасонад.

Рад кардани иҷозаи истифодаи фазои ҳавоӣ нишон дод, ки устувории иртиботи байналмилалӣ танҳо аз тавофуқҳо байни кишварҳои ирсолкунанда ва таъинот вобаста нест.

Ба хатсайрҳо қарорҳои давлатҳои транзитӣ, маҳдудиятҳои байнулмилалӣ, вазъи бозори ҳавонавардӣ ва имкониятҳои худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъсир мерасонанд.

Барои Тоҷикистон ин вазъ бори дигар зарурати рушди бахши ҳавонавардии худ, афзоиши шумораи хатсайрҳо ва нигоҳ доштани роҳҳои ҷойгузини иртиботи байнулмилалиро ёдрас мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Бӯалӣ Сино. Тоҷике, ки ҷаҳон ӯро эътироф кард

Корномаи донишманду мутафаккири тоҷик дар як навори кӯтоҳ.