Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 октябри соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад. Имсол ин рӯз ба 4-уми октябр мувофиқ меояд. Он ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон таҷлил карда мешавад.

То солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи омӯзгорон 1-уми октябр таҷлил мегардид. Пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ санаи таҷлили он тағйир дода шуда, ба якшанбеи аввали моҳи октябр интиқол ёфт.

Соли 1935 – Дар ноҳияи Вахш истгоҳи минтақавии илмӣ-таҳқиқотии зироатҳои ситрусӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1939 –  Канали Бузурги Фарғона расман ба истифода дода шуд.

Соли 2013 – Дар ҷаласаи 11-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул кард.

Соли 2016 – Дар шаҳри Кӯлоб маркази хидматрасонии “Роҳи абрешим” ба истифода дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1924 – Мавлуди Мунзифа Ғаффорова, доктори илмҳои фалсафа, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

Мунзифа Ғаффорова хатмкардаи бахши табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод буда, фаъолияти худро аз муаллимӣ дар Селхозтехникуми Ленинобод оғоз кардааст. Баъдан солҳо дар Кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод ва ҷумҳурӣ кор карда, муддате дар Донишкадаи занонаи Душанбе кор кардааст.

Фаъолияти ӯ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1957 оғоз гардида, дар ин байн солҳои 1974-1979 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Соли 1979 бошад ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъин гардида, қариб даҳ сол дар ин мансаб фаъолият бурд ва баъдан то поёни умр профессори ин донишгоҳ буд. 

Ӯ 28-уми июни соли 2013 даргузашт.

Соли 1929 – Мавлуди Лола Исмоилова, зистшинос, доктори илмҳои биология.

Соли 1962 – Зодрӯзи Низом Ҳакимзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Низом Ҳакимзода Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.

Фаъолияташ соли 1983 дар Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон оғоз шуда, минбаъд то соли 2001 дар вазифаҳои муҳосиб-ревизори трести “Тоҷикдорстрой”-и идораи автомобилгард, иқтисодчии пешбари Вазорати сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиб, муовини сардор, сардори трести “Тоҷикдорстрой”-и идораи автомобилгард, муовини директори корхонаи ДСП Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Тоҷикистон, сардори идораи иқтисоди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ кор кардааст.

Соли 2001 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб таъин шуда, даҳ сол дар ин вазифа буд. Солҳои 2011-2013 Вазири нақлиёти Тоҷикистон буд.

Ҳакимзода то соли 2017 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуда, баъдан раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид. Ҳоло дар нафақа аст.

Соли 1973 – Мавлуди Барно Саидвализода, сардори пешини Хадамоти иҷро, вакили парлумон дар даъвати VII.

Барно Саидвализода нахустин зани генерали замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон) номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Ӯ соли 2012 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон таъин гардид. Баъдан дар вазифаи муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президент кор карда, аз моҳи майи 2017 то октябри 2018 роҳбарии раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи раисиҷумҳурро ба уҳда дошт.

Саидвализода соли 2018 ба мақоми муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Тоҷикистон таъйин гардида, аз моҳи апрели соли 2020 то соли 2025 сардори Хадамоти иҷро буд. Ӯ ҳоло вакили парлумон мебошад.

Моҳи августи соли 2021 Барно Саидвализода соҳиби рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 4-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳайвонот таҷлил мешавад. Ин сана бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҳифзи табиат ва сарнавишти дигар сокинони Замин муқаррар шудааст.

Ин рӯз ба хотири Сент Франсиск Ассизский, ҳомии ҳайвонот интихоб гардидааст. Ӯ яке аз аввалин шахсиятҳо дар таърих буд, ки  ба муносибати инсон бо табиат ва ҳифзи ҳайвонот аҳамияти ҷиддӣ медод.

Тибқи иттилои Бунёди ҷаҳонии ҳифзи табиат (WWF), имрӯз вазъи гуногунрангии биологӣ хеле нигаронкунанда буда, ҳар соат дар ҷаҳон то се навъи ҳайвонот аз байн меравад. Ҳамарӯза бошад тақрибан 70 намуди набототу ҳайвонот нобуд мешаванд ва чоряки тамоми гуногунрангии биологиро дар ояндаи наздик хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.

Имрӯз оғози Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон аст. Ҳамасола дар тамоми олам аз 4 то 10-уми октябрро ҳамчун Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон таҷлил мекунанд. Ин ҳафта бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 1999 таъсис ёфтааст ва имрӯз ҳамчун бузургтарин чорабинии солонаи марбут ба илм ва техникаи кайҳоншиносӣ дониста мешавад.

Сабаби интихоби ин таърих ба парвози нахустини моҳвораи сунъии Замин – “Спутник” ба кайҳон рабт дорад, ки 4-уми октябри соли 1957 иттифоқ афтод. 10-уми октябри соли 1967 Шартномаи байналмилалӣ дар бораи истифодаи кайҳон ба имзо расид, ки тибқи он фазои кайҳонӣ танҳо барои мақсадҳои осоишта истифода мешавад.

4-уми октябри соли 1675 Христиан Ҳюйгенс, файласуф ва физики нидерландӣ соатҳои ҷайбиро бо механизми нави пружинии балансӣ ихтироъ ва расман сабт намуд.

Мақсади асосии Ҳюйгенс аз ин ихтиро ҳалли яке аз мушкилоти бузурги замон – муайян кардани дарозии ҷуғрофӣ ҳангоми сафарҳои баҳрӣ буд. Бо чунин соатҳо киштиҳо метавонистанд дақиқтар ҳаракат кунанд ва роҳҳои баҳриро бехатартар тай намоянд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, шабона 4+9º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 24+29º гарм, шабона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 23+28º гарм, шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29º гарм, шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, шабона 1-6º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 30+32 гарм, шабона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми октябр ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Ахбори тоза

Сахарвоск А4
Охан саноат А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?

Бӯалӣ Сино. Тоҷике, ки ҷаҳон ӯро эътироф кард

Корномаи донишманду мутафаккири тоҷик дар як навори кӯтоҳ.