“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Ду рӯз номи як ронандаи тоҷик, ки дар шаҳри Владивостоки Русия аз сар задани садамаи пурқурбонӣ пешгирӣ кард, дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт. Ӯ мошини худро пеши роҳи боркаше қарор дод, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор мондаву бо суръат ба самти маҳалли аҳолинишин ҳаракат мекард. Ин қаҳрамонии ҷавони тоҷик аз марги эҳтимолии сокинони зиёд пешгирӣ кард. Амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ситоиши густурда қарор гирифт ва ӯро “қаҳрамони рӯз” хонданд.

“Азия-Плюс” Юсуф Каримовро пайдо ва бо ӯ атрофи ин ҳодиса, кор ва рӯзгори муҳоҷирон суҳбат кард.

Юсуф Каримов, зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон аст ва панҷ соли пеш шаҳрвандии Русияро низ пазируфтааст. Ӯ  35-сола аст ва қариб 14 сол мешавад, ки дар шаҳри Владивосток ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекунад. Ӯ оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд буда, бо хонаводааш дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

“Агар роҳи мошинро намебастам, одамони зиёд, махсусан кӯдакон осеб медиданд”

Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, вақте дар кӯчаи Спиридонови ин шаҳр пушти фармони мошини боркаши худ қарор дошт, пай мебарад, ки мошини дигари боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, бо суръати баланд ҳаракат дорад. Юсуф мегӯяд, мошини боркаш бо суръат аз роҳи сарнишеб ба самти поёни роҳ, ки дар шафати он фурушгоҳҳо ҷойгир ва мардуми зиёде равуо доштанд, меомад.

“Он вақт мошинҳои зиёде назди чароғаки роҳнамо мунтазир буданд. Ронанда мошини боркашро манъ карда наметавонист, пай бурдам, ки дастгоҳи боздорандаи мошин кор намекунад. Чун мошини ман баланд буд, зуд панҷ метр ақиб бурда, рӯ ба рӯи самти ҳаракати ин мошин қарор додам, то онро боздорам. Агар ин корро намекардам, бо мошинҳо бархӯрда, ба самти дигари роҳ мерафт, ки дар он ҷо кӯдакону мардум равуо доштанд. Мошини боркаш чор мошинро зада, бо суръат ба мошини ман бархӯрд ва бозистод”,-нақл кард Юсуф Каримов.

Ронандаи тоҷик мегӯяд, ки дар натиҷаи ин бархӯрд 11 мошин осеб дида, шаш  кас ҷароҳат бардоштанд, аммо амали саривақтии ӯ монеи фоҷеаи бузургтар ва талафоти ҷонӣ шудааст.

“Хостам, ки ягон кас осеб набинад, техникаро боз таъмир карда мешавад. Он вақт мехостам, ки худро аз мошин берун кашам, вале фурсат нашуд. Шукри Худо, касе осеби ҷиддӣ набардошт ва ҳама сиҳату саломат ҳастанд”, гуфт ӯ.

Юсуф иброз дошт, ки баъди ин ҳодиса мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдорӣ ва сокинон ба ӯ изҳори сипос кардаанд.

“Аз ҳукумати шаҳр тамос гирифта, даъват карданд, ҳоло фурсат нашуд ба онҷо равам. Кормандони бозрасӣ низ дар ҷойи ҳодиса аз ин кор тавсиф карда, гуфтанд, ҳеҷ кас дар панҷ соли охир чунин корро накардааст. Дар расонаҳо ин ҳодисаро бозтоб доданд. Аз ҳама муҳим бароям он буд, ки номи Тоҷикистон бори дигар ба некӣ ёд шуд”-, гуфт ӯ.

Намогирифт

Аз мушкилиҳои муҳоҷират…

Ин ронандаи тоҷик, ки беш аз як даҳсола инҷониб дар Русия кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд муносибат ба муҳоҷирони корӣ бо гузашти солҳо тағйир ёфтанд. Ба гуфтаи ӯ, агар солҳои пеш шароити ҳуҷҷатгузорӣ каме осонтар буд, ҳоло қонуну қоидаҳо ва санҷишҳо сангинтар мешаванд.

“Муҳоҷироне, ки меоянд, барои дарёфти патент рӯзҳо дар навбат меистанд, сарсон мешаванд. Ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷумла, бақайдгирии ҷойи зист ҳам сол ба сол душвор шудааст”, – афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин, Юсуф ба муҳоҷирони корӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози кор дар Русия ҳуҷҷатҳои худро пурра қонунӣ кунандм то барои идомаи фаъолият мушкиле пеш наояд.  

Ронандаи тоҷик бовар дорад, ки расонаӣ шудани корҳои неки муҳоҷирон барои хубтар шудани шароити кории онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Акс аз Юсуф Каримов

Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик

Бояд гуфт, ки ин аввалин қаҳрамонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нест. Аз ҷумла моҳи майи соли гузашта Саидвалӣ Шарифов, як муҳоҷири тоҷик дар минтақаи Березовскийи вилояти Свердловски Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дода буд. Ӯ чаҳор маротиба ба хонаи оташгирифта ворид шуда як – як кӯдаконро аз коми оташ берун овард. 


 Пештар аз ин Отабек Мадраҳимов, муҳоҷири дигари тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Қаблан ҳам дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро аз канори шоҳроҳ наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабудан мехост.

Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, мақомоти Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд. Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо бузург нишон додани он иттилоъ медиҳанд, аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Ғолибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар муайян шуданд.

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?