Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст.
Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари даргириҳо дар Ховари Миёна ҷудо шуда, барои беҳтар кардани хидматрасониҳои нафақа, навсозии низоми пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани сифат, суръат ва дастрасии хидматрасониҳои иҷтимоӣ ҷудо шудааст.
Кумаки молӣ, 19,5 млн доллар аз ҳисоби Сандуқи рушди Осиё ва 1 млн доллар аз Сандуқи фанновариҳои пешрафта иборат аст. Аз ин маблағҳо, 12,32 млн доллар дар доираи бастаи дастгирии БОР барои кишварҳои осебдида аз паёмадҳои иқтисодӣ ва молиявии даргириҳо дар Ховари Миёна ҷудо шудааст.
Маълум нест, ки ин пул бо чӣ шарту шароите ба Тоҷикистон дода мешавад.
“Барои одамоне, ки тамоми умр кор кардаанд, эътимоднокии таъминоти нафақа набояд аз қоғазбозӣ ё маҳалли зист вобаста бошад… Дар шароите ки низоъ дар Ховари Миёна боиси афзоиши хароҷот ва фишори иловагӣ ба хонаводаҳо мешавад, ин лоиҳа ба Тоҷикистон барои таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии онҳое, ки ҳоло берун аз ин низом қарор доранд, кумак мекунад”.
Ин тарҳ, таҳкими амнияти сайберӣ, рақамикунии ҳуҷҷатҳо, беҳтар кардани мубодилаи байниидоравии маълумот, навсозии идораҳои Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ва бозомӯзии кормандони ин ниҳодро фаро мегирад.
Манбаъ афзудааст, ки лоиҳа инчунин ба васеъ кардани фарогирии низоми нафақа барои кормандони бахши ғайрирасмӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мусоидат мекунад.
Ба иттилои БОР, тавассути ин маблағҳо дастикам 320 ҳазор бимашудаҳо ва 250 ҳазор нафақахӯр ба хидматрасониҳои зудтар, бехатартар ва осонтар дастрасӣ хоҳанд дошт.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст. Дар ҳамин ҳол, барои аксари шаҳрвандони солхӯрда нафақаи давлатӣ ҳамчун манбаи асосии даромад боқӣ мемонад.












