Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Қариб 900 ҳазор нафақагири Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна 506 сомонӣ мегиранд, аммо дар кишвар то ҳол низоми амалкунандаи фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ вуҷуд надорад.

Нафақаи миёна дар Тоҷикистон то 1-уми сентябри соли 2026 ба 505,67 сомонӣ расидааст, хабар доданд аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Дар кишвар 893 ҳазору 49 нафар нафақагир сабт шудааст. Нафақаи миёнаи меҳнатӣ 645,93 сомонӣ, суғуртавӣ — 512,13 сомонӣ ва иҷтимоӣ — 351,67 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти гузориши Оҷонсии омор, то 1-уми сентябри соли 2026 теъдоди нафақагирон 891 ҳазору 396 нафарро ташкил додааст. Дар моҳҳои январ–августи соли 2026 барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳо 3,3577 млрд сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои аксари шаҳрвандони солхӯрда нафақаи давлатӣ ҳамчун манбаи асосии даромад боқӣ мемонад. Масъалаи таъминоти иловагии нафақа дар кишвар ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст: ҳарчанд қонун дар бораи фондҳои нафақаи ғайридавлатӣ аз соли 2005 амал кунад ҳам, лекин дар Тоҷикистон то ҳол фондҳои хусусии нафақаи амалкунанда вуҷуд надоранд.

Миёни сабабҳои он коршиносон чунин омилҳоро номбар кардаанд:

– маоши паст, ки ба одамон имкон намедиҳад пасандоз ҷамъ кунанд;

– эътимоди нокофӣ ба ташкилотҳои хусусӣ, ки бар асари муфлисшавии бонкҳои бузург коҳиш ёфтааст;

– сатҳи пасти саводнокии молиявии аҳолӣ;

– хатарҳои таваррумӣ, ки метавонанд боиси аз даст рафтани арзиши воқеии пасандозҳо шаванд.

Нафақаҳо дар Осиёи Марказӣ

Ҳаҷми пардохтҳои нафақа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Дар баъзе кишварҳо нафақа аз чанд қисм — заминавӣ, суғуртавӣ ва пасандозӣ иборат буда, дар кишварҳои дигар пардохтҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд. Навъҳои асосии нафақа дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон бо ҳисоб ба доллари ИМА муқоиса карда шуданд.

Инфографикаи asia+

Маълумот аз рӯи нишондиҳандаҳои охирини дастраси солҳои 2025–2026 оварда шудааст. Бо сабаби фарқиятҳо дар низомҳои нафақа, муқоиса хусусияти тахминӣ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Ахбори тоза

Сахарвоск А4
Охан саноат А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?

Бӯалӣ Сино. Тоҷике, ки ҷаҳон ӯро эътироф кард

Корномаи донишманду мутафаккири тоҷик дар як навори кӯтоҳ.