Гурӯҳи муштараки муҳаққиқони Тоҷикистон ва Фаронса кофтуков ва омӯзишҳои бостоншиносӣ дар маҳалҳои таърихии кишвари моро аз сар гирифтаанд. Натиҷаҳои ин пажӯҳиш метавонад дар барқарорсозӣ ва шинохти дақиқтари таърихи бостонии водии Данғара ва минтақаи таърихии Бохтар нақш дошта бошад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) хабар дода менависад, ки ин пажӯҳиш аз сӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмад Дониши ин ниҳод ва дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса (CNRS) анҷом мешавад.
“Ҳадафи ин ҳамкориҳо густариши тадқиқоти саҳроӣ, баррасии ҳамаҷонибаи мероси бостоншиносӣ ва фароҳам овардани заминаҳои илмии нав барои барқарорсозии равандҳои таърихӣ ва фарҳангии ин минтақа эълом шудааст”, – гуфтааст АМИТ.

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи муҳаққиқон аз аввали сентябри соли равон кофтуковҳои саҳрои худро дар маҳалли бостонии “Золи Зар” – и ноҳияи Данғара идома медиҳад. Ҳоло корҳои бостоншиносӣ дар чанд бахши асосии ин маҳал ҷараён дорад. Аз ҷумла дар теппаи “Алиф” дар шимолии қалъа, ду куфтукоб дар миёни теппаҳои “Алиф” ва “Бе” идома дорад. Ин бахшҳо бо ҳадафи баррасии сохтори дохилӣ ва хусусиятҳои меъмории маҳал, муайян кардани қабатҳои фарҳангӣ ва шинохти марҳалаҳои ташаккул ва рушди он интихоб шудаанд.
Ба навиштаи АМИТ, муҳаққиқон ҳамчунин, дар пайи муайян кардани хусусиятҳои меъморӣ ва шеваҳои сохтмон, таъин кардани қабатҳои бостоншиносӣ, шинохти давраҳои сукунат ва фаъолияти инсонӣ ва баррасии дигаргуниҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни таърихӣ ҳастанд.
Осори бостонии Данғара
Дар идома, чанд маҳалли бостоншиносии дигар дар водии Данғара, аз ҷумла “Мазори Мавлоно Тоҷуддин”, “Яхсу”, “Ғижовак”, “Паркамчӣ” ва “Пӯшинг” низ баррасӣ мешаванд. Омӯзиши ин маҳалҳо ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки хусусиятҳои замонӣ, фарҳангӣ ва гунашиносии ҳар яке аз онҳоро муайян карда, ҷойгоҳашонро дар маҷмӯаи осори бостоншиносии водии Данғара арзёбӣ кунанд.
Бахши дигаре аз ин пажӯҳишҳо, ба баррасии маҳалҳои мутааллиқ ба давраи эллинистӣ ва давраҳои баъдии таърихи Бохтар бахшида шудааст. Аз ҷумла осоре ки ба давраи юнонӣ, юнонӣ-бохтарӣ ва кушонӣ тааллуқ доранд.

Ба иттилои манбаъ, омӯзиши ин осор метавонад ба дарки беҳтари раванди ташаккул ва таҳаввули сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар саросари Осиёи Марказӣ кӯмак кунад.
Муҳаққиқон ҳамчунин, сафолинаҳо, ашёи рӯзмарра ва дигар ёфтаҳои бостоншиносиро баррасӣ мекунанд то тавассути онҳо робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии Бохтарро бо Суғд ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ равшантар созанд.
АМИКТ таъкид мекеунад, ки омӯзиши маҳалли “Золи Зар” ва дигар осори таърихии ин давра заминаи шинохти амиқтари таҳаввулоти таърихӣ ва фарҳангии водии Данғара ва ҳавзаи Бохтарро фароҳам хоҳад кард.












