Дар Рӯшон ба 10 оилае, ки манзилҳояшонро сел пурра хароб карда буд, хонаи нав доданд

Сел ин хонаҳоро моҳи июл пурра хароб карда буд.

Ба 10 оилаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки хонаҳояшон бар асали омадани селе дар моҳи июл пурра хароб шуда буд, манзилҳои нав додаанд. Калиди ин хонаҳоро рӯзи 30-юми сентябр Шарифхон Сафарзода, раиси ВМКБ ба соҳибонашон тақдим кардааст.

Сели харобиовар дар Рӯшон моҳи июл фаромада буд, ки дар пайи он 40 хона зарар дида буданд, аз ҷумла, 10 хона пурра ва 13 манзил қисман вайрон шуда, 13 манзили дигар осеби сабук диданд.

Лаҳзаи тақдими калиди хонаҳо. Акс аз рӯзномаи расмии ноҳияи Рӯшон Лаҳзаи тақдими калиди хонаҳо. Акс аз рӯзномаи расмии ноҳияи Рӯшон Хонаҳои нав. Акс аз ТВ "Бадахшон" Хонаҳои нав. Акс аз ТВ "Бадахшон"
“Хонаҳое, ки қисман зарар диданд, барояшон замин барои сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ барои сохтмони хона дода шуд. Хонаҳое, ки зарари сабук диданд, ба таври пурра тоза карда шуданд”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Дар маҳалли хонаҳои наве, ки ба сокинони осебдида тақдим шуд, деҳаи наве ба номи Истиқлол бунёд шудааст. Қарор аст дар он мактабу кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ сохта шавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми июл дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромада, ба 40 хона зарар расонида буд.

Сел дар Рӯшон дар 21-уми сентябри соли 2026. Акс аз ҳукумати ВМКБ

Ҳукумати ВМКБ сабаби омадани ин селро якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряххо гуфта, иттилоъ дода буд, ки дар натиҷа, “дар деҳаи Баррӯшон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук, дар деҳаи Деҳрӯшон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар маҷмуъ 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад”.

Мақомот гуфтаанд, ки ба дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, “ба ҳар як оилаи зарардида дастгирӣ ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ амалӣ мегарданд”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?