Дирӯз, 1-уми октябр дар Бозиҳои Осиё, ки дар Ҷопон идома дорад, ду ҷудокори шинохтаи тоҷик Муҳиддин Асалуллоев ва Абӯбакр Шеров медали биринҷӣ ба даст оварданд. Акнун шумори медалҳои Тоҷикистон ба 12 адад – 2 тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ расид ва кишвари мо аз рӯи маҷмӯи нишонҳо дар ҷои 20-ум аст.
Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Шеров дар вазни то 81 кг ба майдондорӣ пардохтанд. Аввалӣ барои соҳиб шудани медали биринҷӣ ва мақоми севвум намояндаи Муғулистон ва дуввуми варзишгари баҳрайниро ноком кард.

Қаблан, ин варзишгарони зерини тоҷик дар ин мусобиқот нишон ба даст оварда буданд.
- Тилло – Мирзобек Умаров, дар намуди ҳунарҳои размии омехта ва Отабек Раҷабов дар намуди ҳунарҳои размии омехтаи суннатӣ;
- Нуқра – Беҳрӯз Хуршедзода дар намуди муҳорибаҳои омехтаи нав, Шакармамад Мирмамадов ва Ёсин Бобокалонов, дар риштаи куштии кураш;
- Биринҷӣ – Махсатулло Муъминов, дар намуди карате-до, Сарвар Абдушукуров, дар намуди куштии кураш, Парвиз Каримов ва Акмал Убайдов, дар намуди муштзанӣ ва Аҳлия Муъминова, дар намуди ҷудо
Ба ғолибони ин мусобиқот ҷоизаи раисҷумҳур аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Як қисми ин маблағ ба мураббиёни онҳо дода хоҳад шуд.
Тоҷикистон – 20-ум дар Бозиҳои Осиё
То имрӯз, аз рӯи ҳисоби медалҳо Чин бо дарёфти 288 медал – 154 медали тилло, 71 нуқра ва 63 биринҷӣ дар ҷои якум, Ҷопон бо 217 медал – 59 тилло, 79 нуқра ва 793 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва Кореяи Ҷанубӣ бо 113 медал – 30 тилло, 30 нуқра ва 53 биринҷӣ дар ҷои сеюм аст.
Ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон бо касби 56 медал (16 тилло, 21 нуқра ва 19 биринҷӣ, ҳамагӣ 54 медал) дар зинаи чаҳорум ва Қазоқистон бо 64 медал – 9 тилло, 19 нуқра ва 36 биринҷӣ дар мақоми 9-ум қарор гирифтаанд.
Мавқеъ ва шумори медалҳи кишварҳо Осиёи Марказӣ:
Ӯзбекистон — зинаи 4-ум: 16 тилло, 21 нуқра, 19 биринҷӣ — 56 медал.
Қазоқистон — зинаи 9-ум: 9 тилло, 19 нуқра, 36 биринҷӣ — 64 медал.
Тоҷикистон — зинаи 20-ум: 2 тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ — 12 медал.
Қирғизистон — зинаи 25-ум: 1 тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ — 10 медал.
Туркманистон — зинаи 30-юм: 0 тилло, 2 нуқра, 0 биринҷӣ — 2 медал.
Панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба сурати умум ба дарёфти 144 медал – 28 тилло, 47 нуқра ва 69 медали биринҷӣ даст ёфтанд. Миёни кишварҳои минтақа мунтахаби Тоҷикистон зинаи сеюмро касб мекунад.












