Бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ муттаҳид мешавад. Ба Тоҷикистон чӣ мерасад?

Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи барқ ба ҳамсояҳо имкони бештар пайдо мекунад.

Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ният доранд созукор ё механизми озмоишии савдои минтақавии нерӯи барқро таъсис диҳанд, ки низоми мавҷудаи энергетикии минтақаро бо қоидаҳои нави савдо мукаммал карда, табодули нерӯи барқ байни кишварҳоро самаранок созад.

Лоиҳа дар доираи барномаи “Пайвастагии мутақобила ва савдо дар бозори минтақавии нерӯи барқ” (Regional Electricity Market Interconnectivity and Trade —REMIT ) ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳадафи он, фароҳам овардани шароит барои рушди бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ аст. Ҳамчунин, беҳтар кардани ҳамкории байни низомҳои энергетикии кишварҳо, васеъ кардани савдои фаромарзӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикии минтақа, аз дигар мақсадҳои лоиҳа аст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай тавассути хатҳои интиқоли барқ бо ҳам пайвастанд ва низомҳои энергетикии онҳо дар ҳолати ҳамкории мувозӣ (параллелӣ) фаъолият мекунанд. Лоиҳаи нав бояд зерсохтори механизми бозорӣ таъсис диҳад.

Имрӯз табодули нерӯи барқ дар минтақа чӣ гуна амалӣ мешавад?

Ҳамоҳангсозии фаъолияти низоми ягонаи энергетикии минтақа аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозию танзими давлатҳои Осиёи Марказӣ – “Энергия” анҷом дода мешавад. Он барои мувофиқа кардани реҷаҳои кори низомҳои энергетикӣ, таъмини кори мувозӣ ва ҳамоҳангсозии интиқоли байнидавлатии нерӯи барқ масъул аст.

Дар ҳолати зарурат, як кишвар метавонад аз кишвари дигар нерӯи барқ гирад, агар захираҳои худӣ кофӣ набошанд ва ё дар сурати мавҷуд будани иқтидорҳои озод онро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳад.

Инфографикаи asia+

Вале ҳоло чунин табодули нерӯи барқ, асосан бар асоси созишномаҳои алоҳидаи байни давлатҳо сурат мегирад. Кишварҳо ҳаҷми интиқол, муҳлат ва шартҳоро мувофиқа карда, пас аз он низомҳои энергетикӣ интиқоли техникии нерӯи барқро таъмин мекунанд.

Ба ибораи дигар, зерсохтор барои табодули нерӯи барқ аллакай вуҷуд дорад, аммо бозори комили минтақавӣ бо қоидаҳои ягонаи савдо ҳанӯз ташаккул наёфтааст.

Чӣ гуна кишварҳои минтақа якдигарро пурра мекунанд?

Низомҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусиятҳои гуногун доранд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои иқтидори назарраси нерӯи барқи обӣ мебошанд. Қисми зиёди нерӯи барқ дар ин кишварҳо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, бинобар ин ҳаҷми истеҳсолот асосан аз сатҳи об ва мавсим вобаста аст.

Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳиссаи назарраси истеҳсоли барқу гармидиҳиро доранд, ки он дар таъмини устувории таъминоти нерӯи барқ нақши муҳим мебозад.

Хатҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон. Акси марбутаи asia+

Барномаи REMIT чиро пешбинӣ мекунад?

Барномаи “Пайвастагии мутақобила ва савдо дар бозори минтақавии нерӯи барқ” ба таъсиси низоми бештар муташаккили савдои минтақавии нерӯи барқ равона шудааст.

Дар лоиҳа иҷрои амалҳои зерин пешбинӣ шудааст:

  • рушди механизмҳои савдои нерӯи барқ байни кишварҳо;
  • фароҳам овардани шароит барои шартномаҳои дарозмуддат;
  • рушди воситаҳо (абзорҳо)-и кӯтоҳмуддати табодули нерӯи барқ;
  • такмили идоракунии низомҳои энергетикӣ;
  • таҳкими зерсохтори фаромарзӣ.

Ба ибораи содатар, имрӯз кишварҳо метавонанд мустақиман байни ҳамдигар дар бораи интиқоли нерӯи барқ ба мувофиқа расанд. Пас аз таъсиси бозори озмоишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки абзорҳои иловагӣ ҷорӣ карда шаванд, ки ба иштирокчиён имкон медиҳанд аз қоидаҳои умумии савдо истифода баранд ва нерӯи барқро самараноктар харидорӣ ё фурӯшанд.

Масалан, агар дар давраи серобӣ дар Тоҷикистон ё Қирғизистон истеҳсоли нерӯи барқ зиёд шавад, ҳаҷмҳои иловагӣ метавонанд дар минтақа самараноктар истифода шаванд. Дар давраи афзоиши талабот кишварҳо метавонанд захираҳои заруриро аз кишварҳои ҳамсоя зудтар дастрас кунанд.

Акси бо ёрии ҳуши маснӯӣ таҳияшудаи asia+

Барои Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад?

Таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ барои Тоҷикистон аҳамияти хос дорад, зеро энергетикаи кишвар асосан ба нерӯи барқи обӣ такя мекунад.

Қисми зиёди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва ҳаҷми истеҳсолот аз омилҳои мавсимӣ — сатҳи оби дарёҳо ва реҷаи фаъолияти обанборҳо вобаста аст. Дар давраҳои серобӣ имкониятҳои истеҳсоли нерӯи барқ зиёд мешаванд, дар дигар фаслҳо бошад, таъмини талаботи дохилӣ ва устувории таъминоти нерӯи барқ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Масалан, дар давраи истеҳсоли баланди нерӯгоҳҳои барқи обӣ нерӯи барқи изофии Тоҷикистон метавонад на танҳо дар дохили кишвар истифода шавад, балки ба он ҷойҳое равона гардад, ки дар ҳамин вақт талабот вуҷуд дорад. Дар навбати худ, дар давраҳои афзоиши сарборӣ ё зарурати мувозинатсозӣ механизми минтақавӣ имкон медиҳад, ки захираҳои дастрас дар кишварҳои ҳамсоя зудтар пайдо карда шаванд.

Инфографикаи asia+

Ҳамзамон, имконияти содирот на танҳо аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста аст. Вазъи хатҳои интиқоли барқ, иқтидори гузаронандагии онҳо, ҳамоҳангии фаъолияти низомҳои энергетикӣ ва мавҷудияти қоидаҳои равшани савдо байни кишварҳо нақши муҳим доранд.

Барои Тоҷикистон ин махсусан бо назардошти татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва афзоиши имкониятҳои истеҳсоли нерӯи барқ муҳим аст. Ҳамгироии наздиктар бо низомҳои энергетикии кишварҳои ҳамсоя метавонад барои истифодаи иқтидори гидроэнергетикии кишвар ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ шароити иловагӣ фароҳам оварад.

Ҳамин тариқ, бозори нав маънои афзоиши худкори содироти нерӯи барқро надорад, аммо метавонад механизми роҳаттареро фароҳам созад, ки имкон медиҳад захираҳои энергетикии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа самараноктар истифода шаванд.

Чаро лоиҳа ҳоло аҳмият пайдо мекунад?

Истеъмоли нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ бинобар рушди иқтисод, саноат ва афзоиши аҳолӣ меафзояд. Ҳамзамон, кишварҳои минтақа энергетикаи офтобӣ ва бодиро рушд медиҳанд, ки ин низоми бештар мусоиди идоракунии ҷараёнҳои энергетикиро талаб мекунад.

Акси марбутаи asia+

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди мавҷудияти низомҳои энергетикии ба ҳам пайваст ва иқтидори назарраси энергетикӣ, савдои нерӯи барқ байни кишварҳои минтақа ҳанӯз маҳдуд буда, тақрибан 3% аз ҳаҷми умумии талабот ба нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Дар доираи REMIT ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми савдои нерӯи барқ то на камтар аз 15 ҳазор ГВт·соат дар як сол зиёд карда шавад, иқтидори гузаронандагии шабакаҳо зиёда аз се маротиба васеъ гардида, то 16 ГВт расонида шавад, инчунин барои ҳамгироии то 9 ГВт иқтидорҳои энергетикаи тоза шароит фароҳам оварда шавад.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи нав табодули мавҷудаи нерӯи барқ байни кишварҳоро иваз намекунад, балки бояд онро ба сатҳи нав барорад: аз созишномаҳои алоҳидаи байнидавлатӣ ба савдои бештар доимӣ ва низомёфтаи минтақавӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Ахбори тоза

Сахарвоск А4
Охан саноат А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?