Аз 30-юми сентябр то 28-уми октябр дар Душанбе барои соҳибкороне, ки аллакай дар “Wildberries” маҳсулот мефурӯшанд ё мехоҳанд фаъолияти худро дар ин бозори онлайнӣ оғоз кунанд, силсилаи машғулиятҳои омӯзишии ройгон баргузор мешаванд.
Дар машғулиятҳо ба иштирокчиён тарзи оғоз кардани фаъолият дар ин бозори онлайнӣ, интихоби усули мувофиқи фурӯш, таҳияи дурусти корти маҳсулот, инчунин бастабандӣ ва тамғагузории маҳсулот омӯзонда мешавад.
Ҳамчунин, иштирокчиён тарзи ҳисоб кардани даромаду хароҷоти ҳар як маҳсулот ва усули баргузории иқдомҳо дар “Wildberries”-ро меомӯзанд.
Бо ҷадвали машғулиятҳои омӯзишӣ дар зер шинос шуда, тариқи пайвандҳо иттилои бештар гиред:
01.10.2026 — Маҳсулоти аввалини шумо: чӣ гуна корти маҳсулотро дуруст таҳия карда, фурӯшро зиёд кардан мумкин аст?
07.10.2026 — Чӣ гуна дар “Wildberries” бо усули “FBS” маҳсулот фурӯхтан мумкин аст?
08.10.2026 — Усулҳои фурӯш дар “Wildberries”: кадомеро интихоб ва чӣ гуна оғоз кард?
14.10.2026 — Чӣ гуна маҳсулотро дуруст бастабандӣ ва тамғагузорӣ бояд кард?
15.10.2026 — Ҳисоб кардани даромаду хароҷоти маҳсулот: чӣ гуна зарар надида, фоида ба даст овардан мумкин аст
21.10.2026 — Маҳсулоти аввалини шумо: чӣ гуна корти маҳсулотро дуруст таҳия карда, фурӯшро зиёд кардан мумкин аст?
22.10.2026 — Иқдомҳо дар “Wildberries”
28.10.2026 — Чӣ гуна фурӯшро дар “Wildberries” оғоз кард: роҳнамо барои навкорон
Машғулиятҳоро Далер Мирсаидов, коршиноси “PRO WB” мегузаронад.
Ҳамаи вохӯриҳо дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳабибулло Саидмурод, 4, баргузор мешаванд.
Иштирок ройгон буда, бақайдгирии пешакӣ ҳатмӣ аст.












