Русия ва Тоҷикистон нақша доранд, ки то соли 2030 ҳаҷми гардиши моли дуҷонибаро 2,5 баробар зиёд кунанд. Дар ин бора дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки рӯзи 1 октябр дар Душанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия доир гардид, зикр шудааст.
Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” менависад, зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва рақамисозӣ баррасӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия ба “нишондиҳандаи рекордӣ”-и 2,47 млрд доллар расидааст. Ҳамчунин, зарурати рушди фаъолонаи ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла корхонаҳои коркарди ашёи хом зикр гардидааст
Марат Хуснуллин гуфтааст, ки “ҳамаи қарордодҳое, ки мо пештар баррасӣ кардем, дар марҳилаи ҳаллу фасл қарор доранд ё таҳия мешаванд”.
Дар ҷаласа, масоили густариши интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, инчунин наздиксозии меъёрҳои миллӣ дар соҳаи гувоҳномадиҳӣ ба маҳсулоти органикӣ ва ҳалол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳуши маснӯӣ, “шаҳри ҳушманд” ва амнияти сиберӣ
Кисмати ҷудогонаи гуфтушунидҳо, ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои атом ва нақлиёту логистика, фарҳанг, маориф ва рақамисозӣ бахшида шудааст.
“Дар ҳамдастӣ бо намояндагони Маскав масъалаҳои марбут ба “шаҳри ҳушманд”, ҳуши маснӯӣ ва амнияти сабериро ҳал хоҳем кард”.
Кадом санадҳо ба имзо расиданд
Аз рӯи натиҷаҳҳои ҷаласа, Протколи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид. Хуснуллин ҳамчунин, дар бораи имзои санади алоҳида дар соҳаи энергияи атомӣ хабар дод. Дар бораи ин созиш ҳоло мушаххас иттилоъ дода намешавад.

Муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамзамон ҷониби Тоҷикистонро барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии “Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum” дар соли 2027 даъват кардааст.
Вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон
Ёдовар мешавем, ки Марат Хуснуллин, ки бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, қаблан бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вохурд. Ҷонибҳо масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда, ба соҳаҳои саноат, энергетика, бахши кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Ҳамчунин, масоили таҳкими робитаҳо дар самтҳои нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ки Тоҷикистон ба шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия арҷ мегузорад.












