Акнун муштариёни “Wildberries” имкон доранд дар саҳифаи ҳар як маҳсулот бубинанд, ки онро бо кадом либос, пойафзол ва лавозимот ҳамҷоя кардан мумкин аст. Яъне тавсияҳои ҳуши маснӯӣ ба харидор имкон медиҳанд, ки маҳсулоти мувофиқро барои сохтани образи пурра интихоб кунанд.
Абзор (функсия)-и нави ҳуши маснуӣ дар саҳифаи маҳсулот дастрас буда, интихоби образро осон мекунад. Он дар чанд сония то 10 варианти омода пешниҳод мекунад ва нишон медиҳад, ки маҳсулоти интихобкардаро бо кадом ашёҳо метавон мувофиқ кард.
Барои истифода аз ин абзор корбар бояд саҳифаи маҳсулотро кушода, дар тасвири асосӣ тугмаи “Ғояҳои образҳо”-ро пахш кунад.
Пас аз ин, абзори ҳуши маснуӣ хусусиятҳои гуногуни зоҳирии маҳсулот, аз ҷумла силуэт, дарозӣ ва тарзи нишаст, фактураи матоъ, ранг ва тобиш, мавсим, услуб ва таъиноти онро таҳлил мекунад.
Ҳамчунин, мувофиқати маҳсулот ба ҷинс ва синну сол ба назар гирифта мешавад.
Баъдан абзори ҳуши маснуӣ аз миёни маҳсулоти гуногуни бозори онлайнӣ либос, пойафзол ва лавозимоти ба маҳсулоти интихобшуда мувофиқро пайдо карда, чанд гузинаи образро пешниҳод мекунад. Корбар метавонад молу маҳсулоти писандидаашро интихоб карда, ба сабади харид илова намояд.
Низоми ҳуши маснуӣ ҳангоми илова шудани маҳсулоти нав маълумоти худро мунтазам нав мекунад. Он кӯшиш мекунад, ки образҳои якхеларо такрор накунад ва барои як маҳсулот ҳарчи бештар гузинаҳои гуногуни мувофиқ пешниҳод кунад. Ин ба харидор имкон медиҳад, ки роҳҳои гуногуни истифодаи як ашёро бинад ва интихоби огоҳонатар анҷом диҳад.
Ҳоло ин тугма, яъне “Ғояҳои образҳо” барои корбарони барномаи мобилии “Wildberries” дастрас аст. Ба гуфтаи ширкат, дар ояндаи наздик ин имконият дар сомонаи бозори онлайнӣ (версияи вебии маркетплейс) низ дастрас мешавад. Дар марҳилаи аввал он барои беш аз 1 миллион маҳсулоти маъмул дар категорияҳои либос, пойафзол ва лавозимот пешниҳод мешавад. Минбаъд доираи маҳсулоти фарогири он васеъ карда мешавад.












