Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд дар чанд шаҳру навоҳии ин вилоят иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодиро ба истифода дод. Ӯ рӯзи 20-уми сентябр бо ҳадафи “ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии истиқлол” ба вилояти Суғд сафар кард.
Аз ҷумла, рӯзи 20-уми сентябр раисҷумҳури кишвар дар ин ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи равғани ширкати “Анқо инвест”, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкатҳои “Фаровон” бунёд шудааст, ифтитоҳ кард.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳур, ин корхона дар як шабонарӯз имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидори корхона, он метавонад то 30% талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин кунад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон корхонаи орди ширкати “Ирода Инвест”-ро, ки иқтидори коркарди он то 600 тонна гандум дар як шабонарӯз аст, ифтитоҳ кардааст.
Дар ин корхона 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Гуфта мешавад, ки фанновариҳои муосири дар корхона насбшуда аз Суис ворид шудааст ва нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20% камтар нерӯи барқ сарф мекунанд.
Ба иттилои расмӣ, дар панҷ соли охир бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 2 ҳазору 745 иншооти гуногун сохта шудааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Спитамен ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногун, аз ҷумла кӯдакистони №6 бо фарогирии 300 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ бо 10 ҳуҷраи корӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази ташхису табобатии “Шараёни Варид” бо 26 кат ва 70 ҷойи корӣ, мактаби №13 барои 1350 хонанда дар ду баст, маркази саломатӣ бо 13 ҳуҷраи корӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва маҳсулоти дӯзандагии “Муҳайё” иқтидори моҳонаи истеҳсоли 1500 ҷуфт пойафзолу 6 ҳазор дона либос, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ноҳияи Спитамен аз соли 2022 инҷониб зиёда аз 800 иншоот бунёд ё азнавсозӣ шудаанд.
Дар ҳаминҷо, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, ки дар маҳалҳо корҳои ободонию созандагиро тақвият диҳанд ва дар ин радиф васеъсозии роҳҳои мошингард, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, сабзкории муҳити атроф, бунёди хатҳои интиқоли обу корез ва барқу гармидиҳӣ дар асоси талаботу меъёрҳои муосир амалӣ кунанд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаётро ба истифода додааст.
Манбаъ афзуд, ки ин гимназия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Муассиса аз 4 ошёна, аз ҷумла 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.
Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, муассиса дорои маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир мебошад. Дар он 70 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар рӯзи якуми сафари худ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои беморхона аз 7 ошёна иборат буда, барои қабулу табобати 200 кас дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд аз ноҳияи Ашт шуруъ шуд. Субҳи 21-уми сентябр дар ин ноҳияи кишвар нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаваттро ба истифода додааст. Бештар дар ин пайванд хонед: “Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи барқи офтобии Ашт бо иқтидори 250 МВт-ро ба кор андохт“
Пас аз ифтитоҳи нерӯгоҳ Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт 7 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кард.
Аз ҷумла, роҳи мошингарди Куруш–Бекобод бо масофаи 12,7 километр, роҳи мошингарди Хистеварз–Соҳилоб бо дарозии 10 километр, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт, Осоишгоҳи “Бунёд” ифтитоҳ шуд. Осоишгоҳи “Бунёд” аз ҷониби соҳибкор Истамой Мадалиева сохта шудааст ва дар он 30 кас бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт убур мекунад ва Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон пайванд месозад.
Дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қаблан “Азия-Плюс” иттилоъ дода буд.
Мақомот гуфтанд, дар пайи ин сафар рӯзҳои 20, 22 ва 23-юми сентябр бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят ва бозорҳои шаҳри Хуҷанд баста мешаванд.












