“Душанбе Сити Бонк” қарзи “Ломбард”-ро бо гарави тилло пешниҳод кард

Барои гирифтани қарз танҳо як ҳуҷҷат ‐ шиноснома зарур аст.

“Душанбе Сити Бонк” номгӯи маҳсулоти қарзии худро васеъ карда, қарзи нави “Ломбард”-ро пешниҳод кард. Барои гирифтани ин қарз муштариён метавонанд маснуоти тиллоии худро ба гарав гузошта, танҳо бо пешниҳоди шиноснома маблағи заруриро дастрас кунанд.

Қарзи “Ломбард” барои муштариёне пешбинӣ шудааст, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ ё тиҷоратии худ ба маблағ ниёз доранд. Барои гирифтани қарз танҳо маснуоти тиллоӣ ба гарав қабул карда мешавад.

Барои гирифтани қарз муштарӣ метавонад ба яке аз филиалҳои “Душанбе Сити Бонк” муроҷиат кунад. Мутахассисони бонк маснуоти тиллоиро арзёбӣ карда, дар расмикунонии қарз ба ӯ кумак мекунанд.

Ба гуфтаи масъулини бонк, пешниҳоди танҳо як ҳуҷҷат — шиноснома ва соддагии раванди расмикунонӣ ба муштариён имкон медиҳад, ки маблағи заруриро зудтар дастрас кунанд.

Маълумоти пурра дар бораи шартҳои қарзи “Ломбард”, аз ҷумла меъёри фоиз, муҳлат ва маблағи қарз, дар сомонаи credit.dc.tj ҷойгир шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Дар пасманзари даргирҳо дар Ховари Миёна, БОР ба бахши нафақаи Тоҷикистон $20,5 млн медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) ба бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои бонк, ин маблағҳо дар пасманзари...

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.

Тағйир дар парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон. Роҳ тӯлонӣ мешавад, аммо нарх тағйир намеёбад

Оё ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ метавонад барои Тоҷикистон ба далели таҳримҳои ИМА мушкил эҷод кунад?