Мактабе дар Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ боз чӣ гуфт?

Раисҷумҳур ҳамчунин, дар чорабинии фарҳангӣ ба муносибати 35- солагии истиқлол ширкат кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари кории якрӯза ба ВМКБ рафта буд, шоми дирӯз, 27-уми сентябр дар барномаи фарҳангӣ, ки ба муносибати 35 – солагии истиқлоли давлатӣ аз сӯи фарҳангиёни вилоят омода шуда буд, ширкат карда, субҳи имрӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони ин вилоят мулоқот кардааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки дар оғози мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон аз Алишер Мирзонабот, собиқ раиси ВМКБ, ки чанд моҳ пеш ҳамроҳи ҳамсару духтараш ба дарёи Панҷ афтоду буд, ёд карда, дастур додааст, мактаби рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи ӯ номгузорӣ шавад.

Раисҷумҳур “бори дигар ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ” карда, ба падару модари раиси пешини ВМКБ “барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст” сипосу миннатдорӣ баён кардааст.

Аз дастовард то камбудӣ

Раисҷумҳур дар идома таъкид кардааст, тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар вилоят “дигаргуниҳои амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ” рух дод.

Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Ба иттилои ӯ, маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст.

“Соли 1991 аҳолии вилоят ҳамагӣ 172 ҳазор нафар буд, вале имрӯз ин шумора ба беш аз 236 ҳазор нафар расида, нисбат ба давраи оғози соҳибистиқлолӣ 64 ҳазор нафар зиёд шудааст. Раисҷумҳур гуфтааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоиз то 25 фоиз коҳиш ёфта, музди миёнаи меҳнат дар 25 соли охир аз 12,6 сомонӣ ба 2 ҳазору 917 сомонӣ расида, 232 баробар афзудааст”.
навиштааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Ӯ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки бахши хусусиро дар вилоят рушд диҳанд ва ба таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Гуфта шудааст, ки дар вилоят ҳоло 202 корхонаи саноатӣ кор мекунад, ки 190 корхона дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис шудаанд. Раисҷумҳур ба масъулон гуфтааст, ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро ба вилоят вусъат диҳанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13%и аҳолии вилоят бо нерӯи барқ ва он ҳам танҳо то 12 соат дар як шабонарӯз таъмин буданд.

“Вале имрӯз аксари мутлақи аҳолии вилоят бо нерӯи барқи босифат ва шабонарӯзӣ таъмин мебошад”, – гуфтааст Ӯ.

Тавре ӯ зир кардааст, то замони истиқлол беш аз 70% нерӯи барқи вилоят аз ҳисоби нерӯгоҳҳои дизелӣ истеҳсол мешуд ва “маҳдудияти дастрасӣ ба сӯзишворӣ ба таъминоти аҳолӣ бо барқ таъсири манфии ҷиддӣ мерасонид”.

“Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар нахустин неругоҳи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ – “Помир-1” бунёд гардида, баъдан даҳҳо неругоҳи хурду миёнаи обӣ, неругоҳҳои офтобӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шуданд”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки зимни татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар вилоят 266 километр роҳ, 32 пул ва 2 нақб сохта, қитъаҳои муҳимми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма, аз ҷумла роҳҳои Мурғоб – Кулма, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар ва дигар роҳу пулҳо навсозӣ шудаанд.

Раисҷумҳур аз зиёдшавии теъдоди сайёҳон дар вилоят хабар дода, дар баробари ин аз камбудии соҳа “сифати хидматрасонӣ, дастрасӣ ба мавзеъҳои дурдаст, алоқа ва интернет, рақамикунонӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва омода намудани роҳбаладон” ном бурдааст.

Ширкат дар барномаи фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии истиқлол дар Хоруғ

Дар идомаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, шоми рӯзи гузашта, 27-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ ба муносибати 35-солагии истиқлоли кишвар барномаи фарҳангӣ баргузор шудааст. Пеш аз оғози консерт, раисҷумҳур дар суханронии худ сокинони ВМКБ-ро бо ҷашни истиқлол табрик гуфтааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Ӯ аз мардуми вилоят даъват кардааст, ки бо кору пайкори нек ВМКБ-ро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.

Пас аз суханронӣ, барномаи фарҳангӣ оғоз шуда, устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят бо суруд хонда, рақс иҷро кардаанд. Дар охири барномаи фарҳангӣ нурафшонӣ ва оташбозӣ иҷро шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ субҳи 27-уми сентябр бо нахустин парвози ҳавопаймои нави “L-410 NG”-и ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” сафар кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Ахбори тоза

Охан саноат А4
Сахарвоск А4

Ахбори тоза

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Ғолибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар муайян шуданд.

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.

Аз 36 то 300 доллар: нафақа дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Миёни кишварҳои минтақа нафақа дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар аст.