Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии истиқлол дар шаҳри Хуҷанд

Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ, оташбозӣ ва нурафшонӣ сурат гирифтааст.

Шоми рӯзи гузашта, 23-юми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин чорабинӣ истиқлолро “арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик” хонд.

“Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Раҳбари кишвар амалӣ шудани лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёт дар вилояти Суғд, аз ҷумла бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакентро дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳим хондааст.

“Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз суханронии раисҷумҳур барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд омода шуда, пешкашӣ меҳмонон гардид. Баъди анҷоми ин барномаи фарҳангӣ, оташбозӣ ва нурафшонӣ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми сентябр бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт ва дар чанде аз шаҳру навоҳии ин вилоят иншооти иҷтимоиву иқтисодиро ба истифода дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

[asiaplus_related]
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Ахбори тоза

Сахарвоск А4
Охан саноат А4

Ахбори тоза

Озмуни “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб дониста шуданд?

Ғолибон аз минтақаҳои гуногуни кишвар муайян шуданд.

Бостоншиносони Тоҷикистон ва Фаронса ҳафриёт дар ёдгории бостонии “Золи Зар” – ро аз сар гирифтаанд

Ҳамчунин, чанд осори таърихии дигарро дар водии Данғара омӯзиш мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 95

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Танҳо хостам, одамонро наҷот диҳам”. Тоҷике, ки аз садамаи пурқурбонӣ дар Русия пешгирӣ кард, кист?

Ӯ мошинашро рӯи ба рӯи мошини боркаше, ки дастгоҳи боздорандааш аз кор монда буд, қарор дод.