Имрӯз, 30-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони тоҷику форс таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, дар кишвар маҳфилҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ баргузор шуда, шоирону адибон ва ихлосмандони ашъори ӯ шеърхонӣ ва перомуни пайкори Мавлоно мубоҳиса мекунанд.
“Азия-Плюс” тамсим гирифт, ба муносибати ин рӯз, ба зиёрати мақбараи рамзии Мавлоно, ки тақрибан 150 км дур аз пойтахт, дар ноҳияи ҳамноми ӯ – Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир аст, равад ва аз онҷо гузориш омода кунад.
Ин мақбара соли 2022 бо овардани як мушт хок аз турбати Мавлоно дар Қунияи Туркия бунёд шудааст ва ин маҷмаа аз пайкара, мақбара ва хонаи Мавлоно иборат аст, ки ҳар яки он вижагиҳои худро доранд. Дар ин бора бештар дар гузориши мо бинед:












